37.Those drawn up in Ranks
- Савганд ба он фариштагон, ки барои Худо саф бастаанд
- савганд ба он фариштагон, ки абрҳоро меронанд
- савганд ба он фариштагон, ки зикри Худоро мехонанд
- ки Худои шумо Худои яктост
- Парвардигори осмонҳову замин аст ва ҳар чӣ дар миёни онҳост. Ва Парвардигори машрикҳост
- Мо осмони дунёро ба зинати ситорагон биёростем
- Ва аз ҳар шайтони нофармон нигаҳ доштем
- То сухани сокинони олами болоро нашнаванд ва аз ҳар сӯй ронда шаванд
- То дур гарданд ва барои онҳост азобе доим
- Ғайри он шайтон, ки ногаҳон чизе бирабояд ва ногаҳон шӯълаи сӯзандае дунболаш кунад
- Пас, аз кофирон бипурс, ки оё офариниши онҳо душвортар аст ё он чӣ Мо офаридаем. Мо онҳоро аз гиле часпанда офаридаем
- Ту дар тааҷҷуб шудӣ ва онҳо масхара мекунанд
- Ва чун ба онҳо панд дода шавад, панд, намепазиранд
- Ва чун ояе бубинанд, аз якдигар мехоҳанд, то онро ба масхара гиранд
- Ва мегӯянд: «Ин чизе ғайри ҷодуи ошкор нест
- оё вақте ки мо мурдем ва хоку устухон шудем, моро зинда мекунанд
- ё падарони моро?»
- Бигӯ: «Бале, ва шумо хору бечора мешавед!»
- Ва онон худ хоҳанд дид, ки ба як фармон ҳамаро зинда мекунанд
- Мегӯянд: «Вой бар мо, ин ҳамон рӯзи ҷазост!»
- Ин ҳамон рӯзи довари аст, ки дурӯғаш мепиндоштед
- Ононро, ки зулм мекарданд ва ҳамроҳонашонро ва онҳоеро, ки ба ҷои Худои якто мепарастиданд, ҷамъ оваред
- Ҳамаро ба роҳи ҷаҳаннам роҳ нишон диҳед
- Ва нигаҳ доредашон, бояд бозхост шаванд
- «Чаро якдигарро ёрӣ намекунед?»
- На, имрӯз ҳама таслимшавандагонанд
- Ва он гоҳ рӯй ба якдигар кунанд ва бипурсанд
- Гӯянд: «Шумо будед, ки аз дари некхоҳӣ бар мо медаромадед»
- Гӯянд: «На, шумо имон наёварда будед
- Моро бар шумо ҳеҷ ғолибияте набуд. Шумо худ мардумоне нофармон будед
- Гуфтаи Парвардигорамон бар мо воҷид шуд. Акнун бояд бичашем
- Мо шуморо гумроҳ кардем ва худ низ гумроҳ будем»
- Дар он рӯз ҳама дар азоб шариканд
- Мо бо гунаҳкорон чунин мекунем
- Чун ба онон гуфта мешуд, ки ғайри Худои якто худое нест, такаббур мекарданд
- ва мегуфтанд: «Оё ба хотири шоири девонае худоёнамонро тарк гӯем?»
- На, он паёмбар ҳақро овард ва паёмбарони пешинро тасдиқ кард
- Шумо азоби дардоварро хоҳед чашид
- Дар баробари амалҳоятон ҷазо хоҳед дид
- Ғайри бандагони мухлиси Худо
- ки онҳоро ризқе муъайян аст
- аз меваҳо, ва гиромӣ доштагонанд
- дар биҳиштҳои пурнеъмат
- бар тахтҳое, ки рӯбарӯи ҳаманд
- Ва ҷоме аз чашмаи хушгувор миёнашон ба гардиш дарояд
- сафед асту нӯшандагонашро лаззатбахш
- на дарди сар орад ва на нӯшанда маст шавад
- Заноне фарохчашм, ки танҳо ба шавҳарони худ назар доранд, ҳамдами онҳоянд
- Ҳамонанди тухми мурғҳое дур аз дастрас
- Рӯ ба якдигар кунанд ва гуфтугӯ кунанд
- Яке аз онҳо гӯяд: «Маро ҳамнишине буд
- ки мегуфт: «Оё ту аз онҳо ҳастӣ, ки тасдиқ мекунанд
- Оё он гоҳ, ки мурдему хоку устухон шудем, ҷазоямон медиҳанд?»
- Гӯянд: «Метавонед аз боло бинигаред?»
- Аз боло бинигарад ва ӯро дар миёни оташи дӯзах бинад
- Гуядаш: «Ба Худо савганд, наздик буд, ки маро ба ҳалокат афканӣ
- Ва агар мавҳибати (бахшиши) Парвардигорам набуд, ман низ аз ҳозиршудагони азоб мебудам
- Оё моро марге нест
- ҷуз он марги нахустин? Ва дигар азобамон намекунанд?»
- Ҳар оина (албатта) ин аст комёбии бузург
- Амалкунандагон бояд барои чунин мукофоте амал кунанд
- Оё хӯришро ин беҳтар ё дарахти заққум
- Мо он дарахтро барои ибтилои (гирифтории) ситамкорон падид овардаем
- Дарахтест, ки аз қаъри ҷаҳаннам мерӯяд
- Мевааш монанди сари шайтонҳо аст
- дӯзахиён аз он мехӯранд ва шикам пур месозанд
- ва бар сари он омехтае аз оби сӯзон менушанд
- Сипас бозгашташон ба ҳамон ҷаҳаннам аст
- Онҳо падарони худро пеш аз худ гумроҳ ёфтанд
- ва аз паи онҳо шитобон мераванд
- Ва пеш аз онҳо бештар пешиниён гумроҳ шуданд
- Ва Мо бимдиҳандагоне ба миёнашон фиристодем
- Пас бингар, ки саранҷоми он бимёфтагон чӣ гуна буд
- Ғайри бандагони мухлиси Худо
- Нӯҳ Моро нидо кард ва Мо чӣ нек посухдиҳандае будем
- Ӯ ва касонашро аз андӯҳи бузург наҷот додем
- Ва фарзандонашро боқӣ гузоштем
- Ва номи неки ӯро дар наслҳои баъд боқӣ ниҳодем
- Салом бар Нӯҳ бод дар саросари ҷаҳон
- Мо некӯкоронро чунин мукофот медиҳем
- Ӯ аз бандагони мӯъмини Мо буд
- Сипас дигаронро ғарқ сохтем
- Иброҳим аз пайравони ӯ буд
- Он гоҳ ки бо диле холи аз шубҳа рӯй ба Парвардигораш овард
- Ба падараш ва қавмаш гуфт: «Чӣ мепарастед
- Оё ба ҷои Худои якто худоёни дурӯғинро мехоҳед
- Ба Парвардигори ҷаҳониён чӣ гумон доред?»
- Нигоҳе ба ситорагон кард
- ва гуфт: «Ман беморам!»
- Аз ӯ рӯйгардон шуданд ва бозгаштанд
- Пинҳонӣ назди худоёнашон омад ва гуфт: «Чизе намехӯред
- Чаро сухан намегӯед?»
- Ва дар ниҳон дасте бақувват бар онҳо зад
- Қавмаш шитобон наздаш омаданд
- Гуфт: «Оё чизҳоеро, ки худ метарошед, мепарастед
- Худои яктост, ки шумо ва ҳар чӣ месозед, офаридааст»
- Гуфтанд: «Барояш биное оозед ва дар оташаш андозед»
- Хостанд то бадандешӣ кунанд, Мо низ онҳоро зердаст (хору мағлуб) гардонидем
- Гуфт: «Ман ба сӯи Парвардигорам меравам. Ӯ маро роҳнамоӣ хоҳад кард
- Эй Парвардигори ман, маро фарзанде солеҳ ато кун!»
- Пас ӯро ба писаре бурдбор хушхабар додем
- Чун бо падар ба ҷое расид, ки бояд ба кор сар кунанд, гуфт: «Эй писаракам, дар хоб дидаам, ки туро забҳ мекунам. Бингар, ки чӣ меандешӣ». Гуфт: «Эй падар, ба ҳар чӣ фармон шудаӣ, амал кун, ки агар Худо бихоҳад, маро аз собирон (сабркунандагон) хоҳӣ ёфт»
- Чун ҳар ду таслим шуданд ва ӯро ба пешонӣ хобонид
- Мо нидояш додем: «Эй Иброҳим
- хобатро ба ҳақиқат паивастӣ», Ва Мо некӯкоронро чунин мукофот медиҳем
- Ин озмоише ошкор буд
- Ва ӯро ба забҳе бузург бозхаридем
- Ва номи неки ӯро дар наслҳои баъд боқӣ гузоштем
- Салом бар Иброҳим
- Мо некӯкоронро инчунин мукофот медиҳем
- Ӯ аз бандагони мӯъмини Мо буд
- Ӯро ба Исҳок — паёмбаре шоиста мужда додем
- Ӯ на Исҳоқро баракат додем. Ва аз фарзандонашон баъзе некӯкор ҳастанд ва баъзе ба ошкоро бар худ ситамкор
- Мо ба Мӯсо ва Ҳорун неъмат додем
- Он ду ва мардумашонро аз ранҷе бузург наҷот бахшидем
- Ононро ёрӣ додем, то ғолиб шуданд
- Ва китобе равшангарашон додем
- Ва ба роҳи рост ҳидояташон кардем
- Ва номи некашонро дар наслҳои баъд боқӣ гузоштем
- Салом бар Мӯсо ва Ҳорун
- Мо некӯкоронро инчунин мукофот медиҳем
- Он ду аз бандагони мӯъмини Мо буданд
- Ва Илёс аз паёмбарон буд
- Ба мардуми худ гуфт: «Оё аз Худо наметарсед
- Оё Баълро ба худои мехонед ва Он беҳтарини офаринандагонро тарк мекунед
- Парварднгори шумо ва Парвардигори падаронатон Худои яктост»
- Пас дурӯғаш бароварданд ва онон аз ҳозиркардагонанд, (дар азоб)
- Ғайри бандагони мухлиси Худо
- Ва номи неки ӯро дар наслҳои баъд боқӣ гузоштем
- Салом бар хонадони Илёс
- Мо некӯкоронро инчунин подош (мукофот) медиҳем
- Ӯ аз бандагони мӯъмини Мо буд
- Ва Лут аз паёмбарон буд
- Ӯ ва ҳамаи касонашро наҷот додем
- Ғайри пиразане, ки бо мардуми шаҳр бимонд
- Сипас дигаронро ҳалок кардем
- Шумо бар (маскани) онҳо мегузаред бомдодон
- ва шомгоҳон. Оё ақл намекунед
- Ва Юнус аз паёмбарон буд
- Чун ба он киштии пур аз мардум гурехт
- қуръа заданд ва ӯ дар қуръа мағлуб шуд
- Моҳӣ фурӯ бурдаш ва ӯ лоиқи сарзаниш буд
- Пас агар аз тасбеҳ гуён намебуд
- то рӯзи қиёмат дар шиками моҳӣ мемонд
- Пас ӯро, ки бемор буд, ба хушкӣ афкандем
- Ва бар болои сараш бӯтаи кадуе рӯёнидем
- Ва ӯро ба пайғамбарӣ бар сад ҳазор кас ва бештар фиристодем
- Онҳо имон оварданд ва то зинда буданд, бархурдорияшон додем
- Аз онҳо бипурс; «Оё духтарон аз они Парвардигори ту бошанд ва писарон аз они онҳо?»
- Оё вақте ки Мо малоикаро зан меофаридем, онҳо медиданд
- Огоҳ бош, ки аз дурӯғгӯияшон аст, ки мегӯянд
- «Худо соҳиби фарзанд аст». Дурӯғ мегӯянд
- Оё Худо духтаронро бар писарон бартарӣ дод
- Шуморо чӣ мешавад? Чӣ гуна ҳукм мекунед
- Оё намеандешед
- Ё бар даъвои худ далели равшане доред
- Агар рост мегӯед, китобатонро биёваред
- Ва миёни Худову ҷинниён хешовандӣ қоил шуданд ва ҷинниён медонанд, ки ҳозиркардашудагонанд. (дар азоб)
- Аз он сифат, ки меоварданд, Худо пок аст
- ғайри бандагони мухлиси Худо
- Шумо ва бутоне, ки мепарастед
- натавонистед гумроҳ кунед
- магар он касро, ки роҳии ҷаҳаннам бошад
- «Ва ҳар кас аз мо ҷое муъайян дорад
- Албатта мо сафзадагонем
- Ва албатта мо тасбеҳгӯяндагонем»
- Агарчи мегуфтанд
- «Агар аз пешиниён назди мо китобе монда буд
- мо аз бандагони мухлиси Худо мебудем»
- Онҳо ба он китоб кофир шуданд ва ба зуди, ки хоҳанд фаҳмид
- Мо дар бораи бандагонамон, ки ба пайғамбарӣ мефиристем, аз пеш тасмим гирифтаем
- ки албатта онон ёрӣ мешаванд
- Ва лашкари Мо худ ғолибанд
- Пас то муддате аз онҳо рӯй бигардон
- Оқибаташонро бубин, онҳо низ хоҳанд дид
- Оё азоби Моро ба шитоб металабанд
- Чун азоб ба майдонашон фарояд, ин бимдодашудагон чӣ бомдоди баде хоҳанд дошт
- Аз онҳо то чанде рӯй бигардон
- Пас оқибаташонро бубин, онҳо низ хоҳанд дид
- Муназзаҳ (покаст) аст Парвардигори ту — он Парвардигори пирӯзманд — аз ҳар чӣ ба васфи Ӯ мегӯянд
- Ва салом бар паёмбарон
- Ва ҳамд аз они Парвардигори ҷаҳониён аст