то мардумеро бим диҳӣ, ки падаронашон бим дода нашуданд ва дар бехабарӣ буданд
Азоби Худо барои бештаринашон воҷиб шудааст ва имон намеоваранд
Ва мо бар гарданҳояшон то манаҳҳо тавқҳо (занҷирҳо) ниҳодем, чунон ки сарҳояшон ба болост ва поин оварда натавонанд
Дар баробарашон деворе кашидем ва дар пушти сарашон деворе. Ва бар чашмонашон низ пардае афкандем, то натавонанд дид
Фарқашон накунад, чӣ онҳоро битарсонӣ ва чӣ натарсонӣ, имон намеоваранд
Танҳо ту касеро метарсонӣ, ки ба Қуръон пайравӣ кунад ва аз Худои раҳмон дар ниҳон битарсад. Чунин касро ба бахшоиш ва музди некӯ хушхабар бидеҳ
Мо мурдагонро зинда мекунем. Ва ҳар кореро, ки пеш аз ин кардаанд ва ҳар асареро, ки падид овардаанд, менависем ва ҳар чизро дар китоби мубин шумор кардаем
Достони мардуми он деҳаро бар онҳо биёвар, он гоҳ ки расулон ба он ҷо омаданд
Нахуст ду танро ба наздашон фиристодем ва дурӯғ бароварданд, пас бо саввуми қувваташон додем ва гуфтанд: «Мо ба сӯи шумо фиристода шудаем»
Гуфтанд: «Шумо инсонҳое монанди мо ҳастед ва Худои раҳмон ҳеҷ чиз нафиристодааст ва шумо дурӯғ мегӯед»