Дар он ҷо ҷовидонанд, ваъдаи Худо рост аст. Ӯ ғолибу ҳаким аст
Осмонҳоро бе ҳеҷ сутуне, ки бубинед, биёфарид ва бар рӯи замин кӯҳҳоро бияфканд, то наларзонадатон ва аз ҳар гуна ҷунбандае дар он бипароканд. Ва аз осмон об фиристодем ва дар замин ҳар гуна гиёҳи некӯе рӯёнидем
Одамиро дар бораи падару модараш супориш кардем. Модараш ба ӯ томила шуд ва ҳар рӯз нотавонтар мешуд ва пас аз ду сол аз шираш бозгирифт. Ва супориш кардем, ки Марову падару модаратро шукр гӯй, ки бозгашти ту назди ман аст
Агар он ду ба кӯшиш аз ту бихоҳанд, то чизеро, ки намедонӣ чист, бо Ман шарик гардонӣ, итоъаташон накун. Дар дунё бо онҳо ба тарифе писандида зиндагӣ кун ва худ роҳи касонеро, ки ба даргоҳи Ман бозмегарданд, дар пеш гир. Бозгашти ҳамаи шумо ба сӯи Ман аст ва Ман аз корҳое, ки мекардаед, огоҳатон мекунам
Эй писараки ман! Намоз бигузор ва амр ба маъруфу наҳй аз мункар кун ва бар ҳар чӣ бар ту расад, сабр кун, ки ин аз корҳоест, ки набояд дар онҳо бепарвоӣ кард
Ба такаббур аз мардум рӯй магардон ва ба худписандӣ бар замин роҳ марав, зеро Худо ҳеҷ такаббури фахрфурӯшеро дӯст надорад
Агар аз онҳо бипурсӣ: «Чӣ касе осмонҳову заминро офаридааст?» Хоҳанд гуфт: «Худо». Бигӯ: «Шукр Худоро!» Балки бештарашон нодонанд
Аз они Худост он чӣ дар осмонҳову замин аст ва Худо бениёзу сутуданист! (шукр гуфтанист)
Ва агар ҳамаи дарахтони рӯи замин қалам шаванд ва даре мураккаб (ранг) ва ҳафт дарёи дигар ба мададаш биёяд, суханони Худо поён намеёбад. Ва Худо пирӯзманду ҳаким аст
Офариниши ҳамаи шумо ва боз зинда карданатон танҳо монанди зинда кардани як тан аст Албатта Худо шунавову биност
Оё надидаӣ, ки Худо аз шаб кам мекунаду ба рӯз меафзояд ва аз рӯз кам мекунаду ба шаб меафзояд ва офтобу моҳро роми худ сохт, ки ҳар як то замоне муъайян дар ҳаракат аст? Ва Худо ба корҳое, ки мекунед, огоҳ аст
Ин ба он сабаб аст, ки Худои якто ҳақ аст ва ҳар чӣ ба ғайри Ӯ мехонанд, ботил аст ва Худост баландмартабаву бузургвор